РӮЗИ МОҲӢ ФАРО МЕРАСАД

Сентябрь 30, 2010 09:04

Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Хоҷагиҳои моҳипарвар  сол то сол маҳсулоти бештареро ба даст меоранд.    Дар моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ ба 1,8 млн. сомонӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 38,4 фоиз зиёд мебошад. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо зиёд кардани моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳру навоҳии кишвар рӯзи моҳӣ аз нав эҳё хоҳад шуд.    Дар хоҷагиҳои моҳипарварии   ҷумҳурӣ то 1 –уми сентябри соли соли 2010 128,8 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои моҳипарварии  вилояти Хатлон 71,2 тонна, вилояти Суғд – 48 ва дар шаҳри Ваҳдат 6,6 тонна моҳӣ  истеҳсол карда шудааст.    Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ 38,6 фоизашро моҳии намуди пешонағафси сафед (толстолобик), 17,6 фоиз зағорамоҳӣ ва 43,8 фоизро дигар намудҳои моҳӣ ташкил додаанд.    

Сентябрь 30, 2010 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард