«РАВШАН ҚИССАЁН» БАРОИ БАЧАГОНИ ШУҒНОН
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар нашриёти «Адиб» бо забони шуғнонӣ нахустин китоби бачагона аз чоп баромад. Китоб ба қалами шоири номдори тоҷик Ато Мирхоҷаи Нерӯ тааллуқ дошта, он аз «Равшан қиссаён» (Қиссаи Равшан) иборат буда, барои доираи васеи бачагони то синни мактабӣ ва мактабӣ пешбинӣ шудааст. Китоб бо коғази ранга ва бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баромад. Дар таърихи адабиёти хаттии Бадахшон ин якумин китоби бадеист, ки бо забони шуғнонӣ пешкаши бачагон гардонида шуд. «Равшан қиссаён» — достони диққатҷалбкунанда буда, аз ҳаёти аҷоибу ғароиби як нафар мактаббачаи шӯх ва хандон, ки Равшан ном дорад, нақл мекунад. Қаҳрамони ин асар баъди кирдорҳои анҷом додааш ба хулосае меояд, ки дар ҳаёти инсон аз ҳама муҳим амалҳои хуб ва накӯкорӣ маҳсуб мешаванд. Ин достон бо ҳаҷви сабук ва бо забони соддаю диққатҷалбкунандаи кӯдакона навишта шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






