«РУЙХАТИ СИЁҲ» ДАР «КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН»

Сентябрь 21, 2010 09:13

         Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашри нави «Китоби сурхи Тоҷикистон» омода аст,- иброз доштанд дар кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».             Ба гуфти вазири соҳа Хурсандмурод Зикиров, аз чопи аввали «Китоби сурхи Тоҷикистон» 22 сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат тағйироти зиёде дар ҳаёти набототу ҳайвонот дар ҶТ  ба амал омадааст.             Ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дар нашри соли 1988 — 223 намуди рустанӣ ва 162 намуди ҳайвонот дохил   шуда буд. Айни ҳол аз ҷониби олимони соҳа дар табиати мамлакати кӯҳсорамон 4 ҳазору 200 намуди рустаниҳои гулдор ва беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муқаррар гардидааст. Ҳамчунин аз тарафи олимони соҳа дар ин муддат маълумоти нави илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки он имкон медиҳад  маълумоти қаблӣ дар бораи набототу ҳайвонот аз нав баҳогузорӣ гардад.             Аз сабаби  нобуд шудани набототу ҳайвонот «Рӯйхати сиёҳ» — и  онҳо тартиб дода шудааст. Айни замон ба ин рӯйхат паланги тӯронӣ, суғури Мензбир моҳии фуккалони -(бел фук)-и Сирдарё дохил карда шудаанд.             Ба гуфти ҳамин манбаъ, теъдоди нашри нави «Китоби сурхи Тоҷикистон» 50 ҳазор нусха пешбинӣ шудааст, ки ин аз чопи қаблӣ 20 ҳазор нусха зиёд аст.    

Сентябрь 21, 2010 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад