«РУСТАМ ВА СӮҲРОБ» — ЛАУРЕАТИ ҶАШНВОРА

Сентябрь 27, 2010 13:39

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 11 то 18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белоруссия Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Белая вежа» баргузор гардид, ки дар он Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский бо яке аз беҳтарин намоишномаҳои худ «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, ки аз рӯи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ  гирифта шудааст, иштирок намуд. Ҳамчунин, дар ин фестивал театрҳои 21 давлати дунё бо намоишномаҳои худ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Британияи Кабир, Русия, Украина, Белоруссия, Эрон, Ҳиндустон ва ғайраҳо. Дар қатори 5 спектакли беҳтарини ҷашнвора аз тарафи ҳакамон намоишномаи театри Маяковский низ беҳтарин дониста шуда, бо унвони лауреати Фестивал ва ҷоиза барои иҷрои беҳтарин асари классикаи ҷаҳонӣ  сарфароз гардид. Ҳайати ҳакамон, ҳамчунин, ба ҳунари ҳунарпешагони театри мазкур — Фирӯза Раҳмонова, Мавлонбибӣ Наҷмуддинова, Дмитрий Музинов ва Хуршед Мустафоев баҳои баланд доданд. Дар умум, 15 нафар  ҳунарпешагони театр дар ин намоишнома нақш офаридаанд. Бояд гуфт, Фестивали мазкур ҳамасола чун анъана дар Ҷумҳурии Белоруссия мегузарад, ки дар он беҳтарин театрҳои ҷаҳон бо даъвати мутасаддиёни фестивал иштирок мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский дар ин фестивал бори сеюм аст ширкат меварзад ва маротибаи дуюм сазовори ҷоизаи баланд гардид. Соли 2009 театри номбурда бо асари «Нидо»-и Б. Абдураззоқов сазовори унвони лауреат ва ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёрӣ дар саҳна гардида буд. Ҳамчунин, театр аз 30-юми сентябр то 10-уми октябри соли ҷорӣ  бо даъвати Итифоқи ходимони театри Федератсия Русия ба шаҳрҳои Брянск ва Орёл сафари ҳунарӣ  дорад. Дар ин сафар ҳунармандони театр бо чор намоишномаи худ, аз ҷумла «Се хоҳарон»-и А.Чехов, «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, «Ишқи аввали Насриддин»-и Т. Зулфиқоров ва афсонаи шарқии «Алибобо ва роҳзанҳо» баромад мекунанд. Ба ҳайати умумии театр, ки ба сафари ҳунарӣ  мебарояд, 30 нафар ҳунармандон шомиланд.

Сентябрь 27, 2010 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд