СӮҲБАТИ ФИОНА О’МЭЛЛИ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Нимаи дуюми имрӯз нишасти матбуотӣ бо иштироки сенатори Ирландия, хонуми Фиона О’Мэлли оид ба сафар ва фаъолияти кӯтоҳи худ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, дар маркази ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» баргузор мегардад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои васеи Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти мамлакат, созмони “Volunteer Service Overseas” сенатори Ирландия, хонуми Фиона О’Мэллиро бо фаъолияти кӯтоҳи волонтёрӣ барои омӯхтан ва баланд бардоштани ихтисоси худ ба Тоҷикистон бо ташрифи сайёҳони хориҷа даъват намуд. «Ӯ махсусан, барои баланд бардоштани фаъолияти мавҷудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ҳукумати ноҳияи Панҷакент ва шарикони ӯ кор кард», — гуфт манбаъ.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






