САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР НОҲИЯИ БОХТАР

Сентябрь 14, 2010 17:35

    Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). –13 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» Аюбов Асадулло (соли таваллудаш 1974) истиқоматкунанди ноҳияи Восеъ, соҳибкор, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Бегматов Рӯзибой (соли таваллудаш 1951) истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷилликул, бархӯрда, ба тарафи чапи роҳ чапа мешаванд.     Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» ва мусофиронаш Бегматов Маҳмадгурез (соли таваллудаш 1992) ва Ҳайитова Давлатбӣ (соли таваллудаш 1978) ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бегматов М. аз гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Инчунин, ронандаи «Хундай-Старекс» Худойназари А., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Сентябрь 14, 2010 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад