САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Сентябрь 16, 2010 15:03

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 15 сентябри соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099» Раҳмонов Шайдулло (соли таваллудаш 1992), истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти кӯчаи Зебонисо пиёдагардон, Файзуллоева Мунира (соли таваллудаш 1982), Сӯҳроби Сайёҳат (соли таваллудаш 2005) ва Юсуфи Сайёҳат (соли таваллудаш 2009), истиқоматкунандагони пойтахтро зада, аз пой меафтонад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа Файзуллоева М. аз сабаби бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба худ наомада, ба ҳалокат мерасад. Ноболиғон Сӯҳроби Сайёҳат ва Юсуфи Сайёҳат зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» бистарӣ карда шудаанд.      

Сентябрь 16, 2010 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад