САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ АФЗОИШ МЕЁБАД
Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Амонҷон Эшонқулов, Кумита бо мақсади идораи амволи давлатӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва истифодаи самараноки он дар давоми 8 моҳи соли 2010 беш аз 20 музояда ва 2 тендери сармоягузорӣ баргузор намуд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, Кумита дар 24 музояда 24 иншооти ғайриманқул ва зиёда аз 20 воситаи нақлиётро ба фурӯш баровард. Маблағи солонаи аз фурӯш ба даст овардашуда 4 млн. 73 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2009 ба миқдори 1 млн. 93 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 1 млрд. 90 млн.сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба микдори 90 млн. сомонӣ зиёд аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






