ШИШАҲОИ НАВИ «КАЙҲОНСОХТ»

Сентябрь 27, 2010 16:50

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи нави истеҳсоли шишаҳои пластикии рангаи ба ҳама шароит тобовар ба истифода дода шуд. Корхона «Кайҳонсохт» ном дошта, дар якҷоягӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Корея бунёд гаштааст. Хати технологӣ ва таҷҳизоти ин коргоҳи истеҳсолкунандаи маводи пластикӣ замонавӣ буда, дар он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар ду баст маҳсулот истеҳсол менамоянд. Маҳсулоти коргоҳ гуногунтамғаю гуногунҳаҷм буда, бо сифати баланд истеҳсол мешавад. Ин корхонаи муштарак ба маблағи 900 ҳазор доллари ИМА сохта шудааст. Айни замон дар ин ҷо 40 нафар меҳнат намуда, дар як моҳ аз 1000 то 1500 сомонӣ музд мегиранд. Дар назар аст, ки то ҷашни 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хати технологии корхона васеъ гардида, бо шарофати он имкон аст, ки 150 нафар шаҳрвандони дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши мувофиқ гарданд. Ёдовар мешавем, ки ин нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея мебошад, ки ба истеҳсоли шишаҳои махсуси пластикии ранга машғул аст.   

Сентябрь 27, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад