СИСТЕМАИ НАВИ ИТТИЛООТӢ

Сентябрь 13, 2010 17:25

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Аз моҳи октябри соли 2010 татбиқи санҷиши системаи иттилоотии ягонаи автоматикунонидашуда дар панҷ нуқтаи гумрукии Терминал, Душанбе-1, Душанбе-2, Муросилоти байналмиллалӣ ва фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҷорӣ шуда, аз 1 январи соли 2011 бошад, ин барнома дар тамоми нуқтаҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.             Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Шарипов хабар дод.             Н. Шарипов қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар доираи Созишномаи ба имзо расидаи Ҳукумати ҶТ ва Бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардонида мешавад.             Манбаъ, ҳамчунин, қайд намуд, ки таъсиси системаи ягонаи автоматикунонии иттилоотӣ дар сохтори мақомоти гумрук минбаъд ба беҳдошти вазифаҳои асосии гумрукӣ, ба монанди ин барнома барои беҳтар намудани назорати гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиётӣ аз сарҳади гумрукӣ мусоидат менамояд.         

Сентябрь 13, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!