СОҲИБКОР ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАД
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 12 сентябри соли равон шаҳрванд Амиршоев Ҷиёншо, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи ҷамоати Лоҳутӣ, деҳаи Оби-Дараи вилояти Хатлон, соҳибкор, аз сабаби қарздор буданаш даст ба худкушӣ зад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, Ҷ. Амиршоев аз шаҳрванд Қурбонов Сайдалӣ, соли таваллудаш 1954, истиқоматкунандаи ноҳияи Балҷувон, соҳибкор, бо маблағи 8084 сомонӣ қарз гирифта буд. Аз сабаби дар мӯҳлати муайяншуда напардохтани маблағ, худро дар оғилхонааш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Ҳангоми азназаргузаронии ҷасад ягон аломати марги маҷбурӣ мушоҳида нагардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






