СОХТОР ВА ОИННОМАИ МОИ ДАР БАДАХШОН ТАСДИҚ ШУД
Ишкошим, 6 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хотири суръатбахшӣ ба фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода, кумитаҳои заминсозӣ, сармоягузорӣ, андозу молияро вазифадор намуд, ки дар бобати ҳалли масоили марбутаи он тадбирҳои мушаххас андешанд. Айдибек Бекмуродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ роҳбари минтақаи озоди Ишкошим таъин шудааст, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ояндаи рушди Бадахшон ба фаъолияти самарабахши минтақаи озоди иқтисодӣ марбут аст. Ҳоло сохтор ва ойинномаи минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқ гардида, ҳудуди он дар масофаи 200 гектар муайян шудааст. Айдибек Бекмуродӣ афзуд, ки ба хотири рушди минтақаи озоди иқтисодӣ мо бояд қабл аз ҳама диққати самоягузорони созмонҳои ҷаҳониро ба он ҷалб намоем.Коршиносон бар онанд, ки тавлиди минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар рушди Бадахшон гомҳои устувор мегузорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






