ТАҒЙИРОТҲОИ НАВИ КАДРӢ

Сентябрь 30, 2010 09:25

29 сентябри соли 2010 бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд. Абдуҷалол Ализода аз вазифаи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» озод карда шуда, ба ҷойи ў ба ин вазифа Умаралӣ Назаров таъин гардид. Шариф Назаров бо сабаби Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин шуданаш аз вазифаи Муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд. Даврон Мирзоев аз вазифаи Муовини сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати корҳои тарбиявӣ озод карда шуд. Сайдамир Одинаев Муовини сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ – сардори раёсати корҳои тарбиявӣ таъин гардид. Муовини сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа Сафаралӣ Назиров таъин карда шуд.

Сентябрь 30, 2010 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад