ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ

Сентябрь 27, 2010 15:55

           Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 сентябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.          Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ  ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» баррасӣ гардиданд.       Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа Ёддошти тафоҳум  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи кӯмаки рушди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин,  доир ба таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд.      Қисме аз масъалаҳои Шӯро барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  ва қисми дигараш ба иҷлосияи  Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.

Сентябрь 27, 2010 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад