ТАҚЛИДКОРӢ БА ЛИБОСИ ҒАЙР БАҲРИ ЧӢ?

Сентябрь 27, 2010 09:36

       Баланд бардоштани сатҳи тарбияю маърифат ва дониши насли ҷавон, хусусан риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар миёни духтарони тоҷик ва гаравидани иддае аз ҷавонон ба баъзе ҳаракатҳои тундгарою мазҳабӣ аз масъалаҳои умдае буданд, ки зимни суханронии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи  Дониш дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон   таъкид гардиданд. Ҷиҳати дар амал татбиқ кардани дастуру пешниҳодҳои Сардори давлат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар ин ДМТ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ноиби Ректори ДМТ оид ба тарбия Назирова Латофат Қаҳҳоровна муроҷиат кард. Мавсуф афзуд, ки масъалаи тарбияи ҷавонон, бахусус насли наврас, яке аз масъалаҳои  муҳим буда, он аз раҳбарияти муассисаҳои олии кишвар масъулияти бештареро талаб менамояд. Рӯзҳое, ки аз сари мардуми кишвар баъд аз солҳои Истиқлолият гузаштанд, ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нашудаанд. Ҳанӯз ҳам доғи он рӯзҳо, дар дилу дидаи мардум боқӣ мондааст. Имрӯз шукр аз он бояд, кард ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр аст ва қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки қабул карда мешаванд, онҳо пеш аз ҳама барои ба танзим даровардани низоми фаъолият дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Яке аз чунин меъёрҳо дар бораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбии кишвар аст, ки дар он ҷо маҳз ба  масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ додаанд        Рӯзи 1 сентябр дар Рӯзи Дониш ва Сулҳ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи  чор бинои нави таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ  намуда, зикр карданд, ки ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни донишҷуён бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Муҳимтарин он аст, ки манзалати корҳои тарбиявӣ аз корҳои таълимӣ кам набояд бошад. Президенти кишвар бори дигар  таъкид кард, ки имрӯз ҳам ҷавонон ва ҳам наврасон  ҳаматарафа ба тарбия гирифта шаванд. Тарбия оғоз мешавад аз оила, аз муассисаҳои тарбиявии томактабӣ, миёна, олӣ. Дар тамоми   муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ки донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд, кори тарбиявӣ дуруст, бо мақсад ва самаранок ба роҳ монда шавад. Ин гуфтаҳо боз ба он оварда мерасонад, ки он рӯзҳои фоҷеабор дигар ба сари фарзанди тоҷик наояд ва такрор нашавад. Имрӯз мебинем, ки сафи ҷавонон ва наврасон афзудааст  ва масъалаи дуруст тарбия кардани  онҳо ба миён меояд.  Яъне,  дар зеҳну замири онҳо ҷой додани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ яке аз масъалаҳои муҳиме аст, ки имрӯз бояд ҳар як шахси тарбиятгарро бетараф  намонад. Ҷавонон ҳанӯз, ҳамчун шахсияти комил дар ҷомеа ба воя нарасидаанд.  Ҳанӯз дар зеҳну шуури онҳо ҷойҳои холие мавҷуд аст, ки онҳо кӯшиш мекунанд,  тавассути ҳар гуна ахбор ва  маълумоте, ки аз атроф ба онҳо мерасанд, ҳамон ҷойҳои холии  дар шуурашон бударо пур созанд. Ин мисли ҳамон хонаи ору ҳаст, ки хонаҳои холии худро ба ҳар тараф парида, аз ширинию гулу накҳати табиат баҳра бурда, пур мекунад. Зеҳну шуури ҷавонон низ аслан ба ҳамин монанд аст. Дар зеҳну шуури ҷавонон чӣ гуна маълумот, муносибату тарбия ҷо карда мешавад, ин ҳам вобастагӣ дорад ба оила ва  муҳити иҷтимоие, ки наврас ва  ҷавон дар он ба камол мерасад. Ҳар як нафари  тарбиятгар бояд пеш аз ҳама худ тарбия дошта бошад, худ  тарбия дида бошад, нафаре бошад, ки ба анъанаҳои миллию таърихӣ ва фарҳанги кӯҳанбунёди мардумӣ ва ба забони миллӣ, ки мақоми баланди миллиро дорад,  эҳтиром дошта бошад. Ин нафар метавонад, ки насли наврасу ҷавонро воқеъан ба роҳи дурусти ҳаётӣ,  ба роҳе ҳидоят намояд, ки он роҳи беолоиш, роҳи поку соф ва роҳе бошад, ки ормонҳои Сардори давлатро тавонад амалӣ бисозад. Зеро пайваста Президенти мамлакат дар баромадҳои худашон таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд. Имрӯзиён, ки ҷомеаро сохта истодаанд, фардо тақдири ин миллату  давлат ва сарзамини аҷдодиро ба дасти кӣ месупоранд ва ҳар як  шахси бошууру соҳибмаърифату ифтихори миллидоштаро бетараф  бояд нагузорад. Гумон мекунам, ки дар байни ҷавонон ҳар чӣ бештар кору фаъолият,  тарғибу ташвиқ бурдан  ва онҳоро ба роҳи  дурусти ҳаётӣ ҳидоят намудан дар шароити имрӯза бисёр ба маврид ва зарур аст. Зеро, ки ҷаҳонишавӣ  Тоҷикистонро ба он оварда расонидааст, ки  тавассути шабакаҳои Интернетӣ,  тавассути воситаҳои ахбори омма ба Тоҷикистон низ аз ҷаҳони муосир ҳамагуна иттилоот мерасад, яъне таъсиррасонӣ зиёд аст. Дигар омиле, ки  ҷавонон қисман ҳанӯз номуайян дар ҷомеа қадам мезананд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ҳанӯз донишҳои амиқи замонавӣ ва заруриро надоранд. Онҳо аз таърихи гузашта, аз фарҳангу адабиёти гузашта чандон бархӯрдор нестанд. Муҳимтар аз ҳама онҳо аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ  бархӯрдор нестанд. Маҳз ана ҳамин паст будани маърифати фарҳангию ҳуқуқии ҷавонон одатан онҳоро дар шоҳроҳи зиндагӣ гумроҳ месозад. Ва ба як осонӣ онҳо ба ҳамагуна раванду ҷараёнҳое, ки хилофи пешрафти ҷомеа, хилофи арзишҳои  миллии мо ҳастанд,  рӯ меоранд. Яке аз чунин арзишҳо, ки  ман дар мисоли духтарон мегӯям (ба иззати нафси ягон нафар духтари тоҷик расиданӣ нестам),  ин аст, ки онҳо тез ба тақлид кардан ба либосҳои миллии дигар кишварҳо сар мекунанд. Чун либоси ҳиндугиро диданд, ба онҳо тақлид мекунанд. Либоси афғонӣ низ дар бар мекунанд. Либоси мардуми Эрон ва баъзе кишварҳои арабиро,  ки шабеҳи як ҷаҳолату торикӣ ва ғамгинӣ  аст, ба бар менамоянд. Овехтани ҳама гуна гӯшвораҳои зиёд, ба даст андохтани аз ҳад зиёд ангуштаринҳою зару зеварҳои гуногуне, ки то ба оринҷи даст меояд,  баҳри чист? Ин гуна ороишот дар ягон давру замон хоси мардуми тоҷик набуданд.  Ҳар як духтаре, ки шефтаи либоси дигар кишвар мегардад, гумон мекунам, ки дар ин ҷо боз ҳам айби оила аст. Зеро духтарони ҷавон ва наврасон одатан аз ҷиҳати иқтисодӣ аз падару модар вобастагӣ доранд. Зеро онҳо ҳанӯз маблағе ба даст намеоранд, ки вазъи моддии худро таъмин карда тавонанд. Таъминкунандаи эҳтиёҷоти иқтисодии духтарон оила, хусусан падару модар ба шумор мераванд. Оё волидайн ба фарзанди худаш вақте ки маблағ медиҳад барои харидани либос ва дигар зару зевар, боре таъкид намекунад, ки  бачам аз ин маблағ либосе бихар, ки камхарҷ,  хоси миллати мо, хоси авлоду гузаштагон ва аҷдодони мо бошад.          Яъне дар ин масъала бештар оила гунаҳкор аст?    Бале, фарҳанги либоспӯшӣ бештар ба оилаҳо вобастагӣ дорад. Зеро  пагоҳӣ фарзанди мо аз хона ба кор ё донишгоҳ меравад, ӯ аз назди падару модари худ раҳсипор мегардад. Оё  нигоҳи падару модар ба симои зоҳирии фарзанди худ намеафтад? Ба ӯ ишорае намекунад, ки писарам ё духтарам ба ту ин либос намезебад, ин либос хоси мардуми мо нест. Либосе ба бар намо, ки он талаботи имрӯзаи ҷомеаро  ҷавобгӯ бошад. Либосе бошад, ки фарҳанги бою қадимаи моро муаррифгар бошад. Имрӯзҳо мушоҳида менамоем,  ки  ҳазорон нафар хориҷиён дар кӯчаҳои пойтахт гашту гузор карда истодаанд,  аксбардорӣ менамоянд, дар тамоми чорабиниҳои ҳукуматию фарҳангие, ки дар кишварамон мегузарад, ширкат менамоянд ва онҳо ҳар чи бештар  кӯшиш менамоянд, ки бештар дар чеҳар мардуми Тоҷикистон симои миллиро бинанд. Имрӯз иқдоми хубест, ки дар тамоми манотиқи кишвар Фестивал —  озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гашта истодааст.  Гумон мекунам, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бисёр бомаврид,  бомақсад ва заруру муҳим аст.  Зеро намоиши либосҳои миллӣ, кокулони майдабофти дарози зебанда, ки  хоси бонувону духтарони тоҷик аст,  аз фарҳанги суннатии мардумамон шаҳодат медиҳад. Агар мо имрӯз либоси анъанавию миллии худро нигоҳ дошта натавонем,  баъдан мо ба ояндагон кадом арзишу суннату  анънаҳои миллиро вомегузорем. Албатта, ин чиз бисёр муҳим ва зарур аст. Дар ин самт Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бетараф намондааст. Барои бо либосҳои манъшуда ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ омадан аз тарафи мушовараи Вазорати маорифи кишвар қарор ва дастурамали махсуси либосҳои тавсиявӣ ба тасвиб расидааст.       Донишҷӯёне, ки дар ДМТ таҳсил мекунанд, аслан бо либоси миллӣ ба дарс меоянд ё бо либоси аврупоӣ?        Имрӯз дар ДМТ  хушбахтона, теъдоди духтарон афзудааст, яъне ба 4-4,5 ҳазор  расида, онҳо аз манотиқи гуногуни кишвар ва хориҷ аз он мебошанд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кори тарбиявӣ дар ДМТ ҳар чӣ бештар  дар шууру дар замири духтарон ҷой кардани фарҳангу арзишҳои миллӣ аст. Тавассути  баргузор намудани ҳар гуна вохӯрию сӯҳбат, чорабиниҳое, ки бештар хусусияти миллӣ доранд, кӯшиш менамоем, ки мо ба духтарон ҳар чӣ бештар рӯ овардан ба анъанаю суннатҳои миллиро тарғиб намоем. Бояд гуфт, ки дар ДМТ тарзи либоспӯшӣ ва муносибати донишҷӯдухтарон ба либос гуногун аст. Қисме аз онҳо ихтиёр карданд либоси аврупоиро, қисми дигарашон либоси миллиро. Яъне мо ба он зид нестем, ки духтарон як шакл либос пӯшанд.Он либоси аврупоиеро, ки духтарон дар бар мекунанд, мо ҳаракат мекунем, ки талабот ва низоми муайяни худро дошта бошад. Либоси аз ҳад зиёд, ки ҷисми духтаронро нишон медиҳад, онро иҷозат намедиҳем, либосҳои аз ҳад зиёд ки  бадан пурра пӯшонида шудааст, яъне сатр ё ҳиҷобро иҷозат намедиҳем. Яъне аз ҳад зиёд либоси озод ва аз ҳад зиёд либосе, ки  симои духтарро пӯшонидааст, иҷозат дода намешавад. Ин ҳам дар қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи ДМТ   дарҷ гардидааст. Ҳар як нафар донишҷӯе, ки ба ДМТ шомил мешавад,  бо донишҷӯён шартномаи дутарафа баста мешавад. Дар яке аз бандҳои шартнома риоя кардани одоби либоспӯшӣ дар донишгоҳ дарҷ гардидааст. Дар ин самт дар байни духтарон корҳои тарғиботӣ бурда мешавад.        Латофат Қаҳҳоровна,  бо мақсади тайёр кардани бонувони роҳбар чӣ тадбирҳо андешида мешавад?      Бо дастгирии Ректори ДМТ аз байни донишҷӯдухарон духтарони болаёқатро ҷудо намуда, тавассути  ташкил кардани дарсҳои махсуси сарварӣ онҳоро ҳамчун лидердухтарони оянда дар манотиқи гуногуни кишвар тайёр месозем. Барои ин нақшаи муайяни корӣ тартиб дода шудааст, ки ба духтарон аз ҳисоби чеҳраҳои шинохтаи кишвар занони фаъол ба мисли, Низорамоҳ Зарифова, Гулафзо Савриддинова, Бозгул Додхудоева, Гулсара Бобосодиқова, Хайриниссо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, ки бе ягон шакку шубҳа боиси ифтихор ва симоҳои шинохтаи мардумӣ ҳастанд, ба онҳо дарс медиҳанд. Аз ҳисоби олимаҳои донишгоҳ Роҳат Набиева, Муккарама Қосимова ва дигар профессорон ҳам дарси ташкилотчигӣ ва рӯзгордориро тавассути ташкили сӯҳбату дарсҳо ба донишҷӯдухтарон омӯзонида мешаванд. То дар оянда онҳо тавонанд дар шаҳраку ноҳия ва минтақаи худ яке аз пешқадамони ҷомеа гарданд ва насли наврасро  аз паси худ барои мустаҳкам кардани пояҳои давлати миллиямон бурда тавонанд. Барои мустаҳкам кардани пояҳои давлати миллию ҳуқуқбунёд саҳми занону духтарон бояд, ки  намоён бошад.           Баъд аз суханрониҳои Президенти мамлакат дар ДМТ чӣ  тадбирҳои  судманд дар мавриди ислоҳи камбудию норасоиҳо андешида шуданд?                 Баъди суханронии Президенти  мамлакат дар Рӯзи дониш ва Сулҳ дар ДМТ бисёр дигаргунӣ ва тағйирот ба вуҷуд омаданд. Нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расиданд, ки тавассути онҳо супоришу  эродҳои Сардори давлат дар байни донишҷӯён дар дарсҳои кураторӣ тавассутӣ ҳамагуна чорабинию мулоқоту сӯҳбат муҳокима карда шуда, аҳамияту зарурият ва муҳимияти он ба донишҷӯён омӯзонида мешавад.    Чунин як чорабинӣ дар ДМТ ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи дини назди Хукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар мулоқот, ки донишҷӯёни болаёқату фаъол ширкат доштанд ба масъулини сохторҳои марбута саволҳои сершумор доданд. Зикр шуд, ки ҷавонон имрӯз ба ғайр аз дониш омӯхтан ва баланд бардоштани савияю маданияти миллию фарҳангии худ ҳамчунин, ба техникаю технологияи муосир рӯ оварда, аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар канор набошанд. Дар баробари рӯ овардан ба арзишҳои умумибашарӣ ҳеҷ гоҳ таърих, фарҳанг ва анъанаю суннатҳои миллии худро  фаромӯш наккунанд. Дар сӯҳбат, ҳамчунин, атрофи масъалаи ташвиқи либосҳои миллӣ ва низоми либоспӯшӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар андешаю баҳсҳо ҷараён гирифтанд. Ва он ихтилофоте, ки байни раёсати донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён дар мавриди либоспӯшӣ ба миён омада буд, ман фикр мекунам, ки дар ин сӯҳбат баррасӣ шуд ва онҳо давра ба давра роҳи ҳалли худро меёбанд.             Дар масълаи ҷилавгирии ҷавонон аз гаравидан ба баъзе ҷараёнҳои тундгарои мазҳабӣ, ки  дар вохӯрию мулоқоти Президенти мамлакат бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зикр гашта буданд,  чӣ  чораҳо андешида шудааст?            Яке аз таъкидҳои Президенти кишвар ба тамоми ҷавони ҷумҳурӣ ин буд, ки онҳо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна тарғиботи барои фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардуми мо бегонаю харобиовар нашаванд. Онҳо бояд шукри даврони истиқлол, шукри ободии ватан, рушду нумӯъи онро намуда, тамоми дониш, имконияту нерӯи ақлонии худро баҳри ободии ин сарзамин сарф намоянд.  Президенти кишвар дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалии бахшида ба бузургдошти Соли Имоми Аъзам  доир гашта, ба ҷавонон ин масъаларо таъкид карда буданд. То ҷое мусаллам аст, 97% мусулмонони кишвар мусалмони мутлақ ва пайравони мазҳаби ҳанафианд. Онҳо бояд вафодор, содиқ ва пайгир аз мазҳаби Имоми Аъзам бошанд. Зеро маҳз мазҳаби Имоми Аъзам  яке аз мазҳабҳое ҳаст, ки он ҳамеша ростию покӣ ва роҳ  надодан ба хурофотро тарғиб менамояд. Яке аз масъалаҳое, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам  оварда шудааст,  ин озодии виҷдон аст. Рӯ овардани ҷавонон ба ҷараёнҳое, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст,  ба мисли Салафия, Аҳмадия, Ҷамоат –ул -таблиғ,  Ҳизб –ул – таҳрир, ки ҳамаи онҳо дар зери ливои Ислом  ҳадафҳои  асосии худро доранд, бар хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст. Эътиқод кардан ба Худои  яккаву ягона, имон овардан ба мазҳаби ҳанафӣ яке аз рукнҳо ва арзишҳои баланди ҳар як шаҳрванд ба шумор мераванд.  Аз ин рӯ, дар байни ҷавонон мо пайваста кӯшиш мекунем, ки  бо намояндагони дин, Донишгоҳи исломӣ  ва дигар муассисаҳое, ки ба фаъолияти дини сарукор доранд, бо онҳо сӯҳбатҳо ороем ва  тавассути корҳои тарғиботӣ дар замири ҷавонон покии ислом, чӣ гуна будани он ва  ҷараёнҳое, ки хилофи ислому мазҳаб  ва ҷомеа мебошанд, сӯҳбатҳо гузаронем. Дар байни ҷавонон вохӯриҳо ташкил менамоем, то аз  ояту сураҳои китоби муққадаси Ислом -Қуръони карим ба донишҷӯён маҳз мутахассиси соҳаи дин мефаҳмонад ва мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ дар Ислом оварда нашудааст, ки шак овардан ба як мазҳабе, ки покию ростиро тарғиб менамояд, ба дигар мазҳабҳо рӯ оваранд. Рӯ овардани ҷавонон ба мазҳабу ҳаракатҳои тундгаро, ки фаъолияти онҳо мамнӯъ аст, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳаракатҳо тавассути молу пул ҷавононеро, ки ниёзманд ҳастанд, ба худ ҷалб месозанд. Дар ин ҷода мо дар байни ҷавонон корҳои амалӣ бурда истодаем. Аз тарафи  худи донишҷӯёне,ки аз оилаҳои ниёзманд ҳастанд, онҳо ба дастгирии молиявӣ  ниёз дошта, аз манотиқи дурдасти кишваранд, ки ба онҳо саривақт аз ҷониби волидайн кӯмакҳои молӣ расонида намешавад, раёсати донишгоҳ чораҳои  амалӣ меандешад. Бо кӯмакҳои доимӣ онҳоро  таъмин намудан, дар дохили донишгоҳ пайдо кардани ҷойҳои корӣ аз ҳамин қабил аст. Тобистони соли равон  барои ба низом даровардани шаҳраки донишҷӯён аз ҳисоби худи донишҷӯён як  дастаи донишҷӯёни бинокор таъсис додем ва 50 нафар донишҷӯён дар фасли тобистон ба хонаҳои худ нарафта, дар шаҳраки донишҷӯён  ба фаъолияти меҳнатӣ  фаро гирифта шуданд, ки онҳо аз 1200 то 1700 сомонӣ маош гирифтанд. Ба донишҷӯёне, ки дар гурӯҳи бинокорӣ  фаъолият доштанд, се вақт хӯроки ройгон дода шуда, онҳо бо сару либос аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ таъмин гардиданд. Барои духтароне, ки аз оилаҳои ниёзманданд ва ба кӯмакҳои моддӣ  ниёзи бештар доранд дар назди хобгоҳи 6-ум коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шуд. Донишҷӯдухтарон фориғ аз дарс  ба дӯхтани  ҷойпӯшҳои рахти хоб, хилъатҳо барои донишҷӯёни факултаҳои кимиё, физика, биология машғуланд. Онҳо аз як тараф ҳунари дӯзандагии худро сайқал дода,  аз сӯи дигар аз беҳуда гаштан дар кӯчаҳо дур гардида, меҳру муҳаббаташон ба меҳнат меафзояд. Инчунин, дар назди ошхонаи Ориёно воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён як коргоҳи пазандагӣ кушода шудааст, ки дар он духтарон ба пухтани ширинию кулчақандҳо машғуланд. Ин донишҷӯдухтарон ройгон аз ошхона хӯрок истеъмол намуда, ширинию кулчақандҳои пухтаи онҳо пешкаши донишҷӯён гардонида мешаванд.  Ҳар як ҷавон мехоҳад, ки аз лиҳози молиявӣ аз касе вобаста  набошад ва барои маблағи  ночизе  фирефтаи ҳар гуна ҷараёну ҳаракатҳои тундгарою иғвоангез нашуда,  аз паи ба даст овардани луқмаи ҳалол, аз паи меҳнат кардан, омӯхтани забон ва ҳунар шуда, вақти худро самаранок истифода намояд. Дар ДМТ чунин имкониятҳо зиёданд. Марказҳои  омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, чиноӣ,урду дар донишгоҳ  фаъолият доранд. Барои  донишҷӯёне, ки рағбати омӯхтани забонҳоро доранд, ройгон ба онҳо забонҳо омӯзонида мешаванд. Тибқи дастури роҳбарияти Донишгоҳ Нуриддин Саидов  дар хобгоҳи №7 воқеъ дар шаҳраки Гипрозем, ки аз ҷониби Президенти кишвар барои духтарони дар асоси квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохилшуда, ҷудо шудааст, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ройгон ба роҳ монда шудааст, ки он ба татбиқи барноми давлатӣ дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ муосидат менамояд.     Таманнои Шумо ба ҷавонони  кишвар?      Ба кулли ҷавонони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои олиии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, мехоҳам ки онҳо дар ҷустуҷӯи илм бошанд. Зеро  Рӯдакии бузургвор мегӯяд :     Дониш андар дил чароғи равшан аст,     В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.    Дониш ҷавононро метавонад аз ҳар гуна ҷаҳолату торикӣ раҳонад. Дониш аст, ки дилу ақлҳои  онҳоро равшан менамояд. Ҷавонон бояд талош бар он намоянд, ки давраи тиллоии ҳаёти худро дар ҷустуҷӯи илм, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, рӯ овардан ба техникаю технологияи  муосир ва иртиботӣ сарф намоянд. Сайъ намоянд, ки ягон лаҳзаи умри худро беҳуда сарф накунанд. Худшиносу худогоҳ, ватанпараст бошанд,  хоки аҷдодии ин сарзаминро эҳтиром ва пос доранд. Зеро Президенти кишвар таъкид карда буданд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат  ва ҷомеа мебошанд.                   Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сентябрь 27, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад