ТАҶҲИЗОНИДАНИ ОЗМОИШГОҲИ БАЙТОРӢ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баҳри дастгирии Хадамоти назорати давлатии байторӣ дар омода намудани маълумотномаи техникӣ баҳри харидани таҷҳизот ва дигар маводи барои озмоишгоҳи байторӣ зарурӣ пайваста кӯмак мерасонад,- иброз дошт сардори хадамоти мазкур Муллоҷон Амирбеков ба мухбири АМИТ «Ховар». Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ба Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ»-и Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология ҳамкориҳои доимиро ба роҳ монда, пайваста кӯмаки техникӣ мерасонад. Бо кӯмаки техникии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ озмоишгоҳи вирусологии Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» пурра бо таҷҳизот ва лавозимоти замонавӣ таъмин ва ба кор омода гардидааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






