ТАМАННОИ ҚАЙСАР БА МАРДУМИ ТОҶИК
Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон мардуми тоҷикро ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям», — чунин омадааст дар номаи шодбошии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст. Дипломати покистонӣ дар номаи шодбошии худ афзудааст, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар заминаи умумиятҳои таърихию фарҳангӣ ва динӣ, ки дорои таърихи беш аз шаш ҳазорсола аст, асос ёфтааст. Холид Усмон Қайсар афзудааст, ки тӯли ду соли охир мардумони мо шоҳиди густариши муносиботи самарабахши дуҷониба гардиданд. Вохӯрии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон дар доираи баргузории чорабиниҳои муҳими созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, хусусан дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд дар таҳкими ҳамкориҳо саҳифаи навро боз намуданд. Аз ҷумла, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар моҳи июли соли 2009 ба Тоҷикистон, мулоқоти сеҷонибаи Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе, инчунин, нишасти Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Русия ва Афғонистон дар шаҳри Сочии Русия дар соли 2010 бозгӯи тақвияти равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистону Покистон аст. Сафири Покистон дар номаи табрикии худ ба сарзамини Тоҷикистон ва мардуми он дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ комёбию пешрафт ва сарбаландию шукуфоиро таманно кардааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






