ТАНЗИМИ НАРХ МАСЪУЛИЯТИ КИСТ?

Сентябрь 28, 2010 11:15

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ майдони умумии кишти маҳсулоти полезӣ дар ҷумҳурӣ ба 17 ҳазору 564 гектар расонида шуд.    То 27 – уми  сентябри соли 2010 ҳосили 13 ҳазору 565 га замини кишти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.    Тибқи дурнамои хоҷагиҳои ба кишти полезӣ (харбуза, тарбуз каду) машғул дар соли 2010 истеҳсоли ин навъи маҳсулот бояд ба 151 ҳазору 465 тонна расонида шавад. Аз маълумоти фаврӣ маълум мегардад, ки ин нақша аллакай 169 фоиз иҷро гардида, наздик ба 256 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба фурӯш бароварда шудааст. Ин  гувоҳи он мебошад, ки  бо фаровонии ин навъи маҳсулот нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ бояд хеле ночиз бошад, аммо чунон ки ҳамагон медонанд дар рӯзҳои иди шарифи Рамазон нархи як каду 5 – 8 сомонӣ, як тарбуз 10 – 15 ва як харбуза аз 18 то 23 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда  буд. Имрӯз бошад нархи як кило каду 1сомонию 20 дирам, як тарбуз 10- 15 ва як харбуза аз 15 то 18- 20 сомонӣ  ба савдо бароварда мешавад.    Маълум мегардад, ки фаровонӣ ҳам асоси паст шудани нархи маҳсулот набудааст. Пас ин чӣ аст? Ҳаннотӣ, беинсофӣ ва ё молучизпарастӣ, ки касе  масъулиятро оид ба нарх ва нархгузорӣ ба зимма надорад .  

Сентябрь 28, 2010 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад