ТАРҒИБИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Сентябрь 29, 2010 14:10

Файзобод,29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Гулмаҳмад Нуров, раиси ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и ноҳияи Файзобод иттилоъ дод, аз моҳи  апрели соли  ҷорӣ дар ноҳияи мазкур барномаи «Ёрии аввалин  ва солимии ҷомеа» ба фаъолият шурӯъ намуд.    Ин барнома аз ҷониби ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон  бо дастгирии молиявии  Кумитаи байналмилалии «Салиби Сурх»-и  Финландия амалӣ мегардад. Бояд гуфт, ки  барномаи мазкур тайи чанд соли охир дар водии Вахш  ва вилояти Суғд амалӣ  мегардад. Мақсади асосии  барномаи мазкур тарғибу ташвиқи ёрии аввалини тиббӣ, солимии ҷомеа ва  вазъи нигаҳдории тандурустӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар мебошад.      Аз моҳи апрели соли  равон сар карда, ҷамъият дар  чор ноҳияи минтақаи Рашт,  аз ҷумла ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара ва  Файзобод барномаи кори худро  идома дода истодааст.Гулмаҳмад Нуров афзуд, ки  барномаи  «Ёрии аввалин ва  солимии ҷомеа» тӯли  се сол, яъне солҳои 2010-2012 идома меёбад.

Сентябрь 29, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон