ТАРКИШ ДАР ХУҶАНД

Сентябрь 3, 2010 11:15

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Субҳи имрӯз соати 8:05 дақиқа дар бинои шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таркиш ба амал омад. Тибқи маълумоти корманди шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, бар асари ин таркиш зиёда аз 8 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Айни замон ҷасади 2 нафар дарёфт шудааст.   Инчунин, манбаъ хабар дод, ки таркишро шахси номаълум дар автомашинаи сиёҳшиша, ки дар дохилаш маводи мунфаҷир дошт, анҷом додааст.   Айни замон аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.      

Сентябрь 3, 2010 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд