ТАШКИЛИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ХУБ АСТ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо вилоятҳои пахтакори Тоҷикистон — Суғду Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахтаро хуб ташкил намудаанд. Дар вилояти Суғд ба маъракаи ҷамъоварии пахта 27 ҳазору 300 нафар саҳмдорон ва 6556 нафар ёрдамчиён ҷалб шуда бошанд, дар вилояти Хатлон бошад ба ин маърака 4 маротиба зиёдтар саҳмдорону ҳашарчиён сафарбар шудаанд. Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, то 20 – уми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз 92 ҳазор тоннаи дар дурнамои истеҳсоли пахта пешбинишуда, 7249 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти пахтакори ҷумҳурӣ мебошад, соли ҷорӣ тибқи нақша ҷамъоварии 194 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст. Айни замон дар вилоят 64 ҳазору 626 тонна пахтаи гаронбаҳо чида шудааст, ки баробари 33,3 фоизи нақша мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






