ТАШРИФИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ЭКО БА ДУШАНБЕ

Сентябрь 29, 2010 17:03

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). –   1 октябри соли ҷорӣ вазирони энергетикаи Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон Афғонистон, Покистон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,  Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Ўзбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми вазирони энергетика ва нафти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки аз 29 сентябр то 1 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ташриф меоранд. 2 октябр ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ   ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ин рўзҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар назар аст. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ   ҷаноби Мирослав Енча ба мақсади анҷом додани мулоқот бо шахсони расмии ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон сафар менамояд.

Сентябрь 29, 2010 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд