ТАЪСИСИ КОМИССИЯИ ТАФТИШОТӢ ОИД БА ТАРКИШ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таркише, ки субҳи имрӯз дар бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ рӯй дод, комиссияи махсуси тафтишотӣ ташкил намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» ёрдамчии котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Евгений Руднев хабар дод, комиссияро котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов роҳбарӣ мекунад. Ҳамчунин, манбаъ қайд намуд, ки аъзои комиссияи мазкур аллакай ба ҷойи ҳодиса сафар намуданд. Тарҷумаи М. Анварӣ








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






