ТЕЪДОДИ ХОҲИШМАНДОНИ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО АФЗУДААСТ

Сентябрь 23, 2010 12:23

         Душанбе, 23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли равон 172 нафар сокинони ноҳияи Ҳисор маросими Ҳаҷи фарзиро ба ҷо меоранд. Назар ба иттилои  мудири бахш  оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Хайрулло Давлатов аз 11 август то 1 сентябри соли равон, ки қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҷараён гирифт,  320 нафар сокинони ноҳия ҷиҳати адои маросими Ҳаҷи фарзӣ бо ариза муроҷиат карданд. Мавсуф афзуд, ки аз 172 нафар сокинони ноҳия, ки ҷиҳати адои  маросими Ҳаҷи Акбар ба қайд гирифта шудаанд, ҳамаи онҳо бори аввал ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Соли гузашта 152 нафар сокинони Ҳисор ба зиёрати Каъбатуллоҳ мушарраф гардида буданд.         Хайрулло Давлатов афзуд, ки ҷиҳати омода намудани шаҳрвандон ба маросими Ҳаҷи фарзӣ нақшаи чорабиниҳо таҳрезӣ шуданд. Тибқи он,  бахши оид ба корҳои дини ноҳия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои уламои ноҳия, имомхатибони масҷидҳо  ва роҳбаладон дар масҷиди ҷомеъи ноҳия, воқеъ дар деҳкадаи Тӯда ва намозҳои ҷумъа  сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, шаҳрвандонро ба маросими Ҳаҷи фарзӣ омода месозанд. Ҳамзамон, ҳафтаи оянда дар ин мавзӯъ дар ноҳия семинар гузаронида мешавад, ки дар он масъалаҳои вобаста ба Ҳаҷи Акбар, риояи рукнҳои он ҳангоми адои маросим баррасӣ мешаванд.        Мавриди зикр аст, ки соли равон маросими Ҳаҷи фарзӣ охири моҳи октябр оғоз ёфта, хароҷоти  он барои як нафар 3 ҳазору 191 $ аст. Шаҳрвандони синнашон аз 18 то 80 солаи кишвар ҳуқуқи зиёрати Каъбатуллоҳро доранд.     

Сентябрь 23, 2010 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад