ТУРИЗМ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК
Душанбе, 28 cентябр .(АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин).- Дирӯз дар толори меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси» нахустин конфронси миллии туристии Тоҷикистон баргузор гардид . Конфронс таҳти шиори «Туризм яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодиёти миллӣ» гузаронида шуд . Конфронсро раиси Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳӣ Меликшо Неъматов ифтитоҳ намуда , баъдан муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова , намояндагони вазоратҳо ва дигар мутахассисони варзида пиромуни мушкилот ва имконоти соҳа баромад намуда, маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд . Қайд гардид, ки соҳаи туризм яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад . Ҳадафи асосии конфронс ин боз ҳам мустаҳкам намудани соҳаи туризм дар манотиқи кишвар ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мебошад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






