ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ТАЪБУ НАШР БЕҲТАР МЕГАРДАД

Сентябрь 16, 2010 13:44

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар  маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар дар мавзӯи «Нашр ва фурӯши китоб» баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарону намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД ТС «Китоб», МД «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии «Хонаи китоби Тоҷикистон», МД «Ирфон», «Адиб», «Маориф ва фарҳанг», СИЭМТ  ва мақомоти савдои китоб иштирок намуданд. Семинарро Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ намуда,  доир ба натиҷаҳои санҷиши якҷояи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тадбирҳои пешгирӣ намудани  паҳн шудани маводи  чопии ғайриқонунӣ маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки: «Имрӯзҳо бо тақозои дигар гаштани муносибатҳои  иқтисодӣ теъдоди зиёди корхонаҳои табъу нашри хусусӣ арзу вуҷуд намуданд, ки дар бисёр мавридҳо фаъолияти онҳо моро қаноатбахш карда наметавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъзе корхонаҳои хусусӣ бо мақсади ба даст овардани фоида аз оддитарин меъёрҳои   чопи китоб сарфи назар менамоянд. Тибқи қарори ҳукумати ҶТ аз 3 июни соли 2007 баҳисобгирии тамоми муассисаҳои табъу нашр ва матбуотро вазорати фарҳанг ба зиммаи худ гирифтааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 120 матбааи хусусию давлатӣ ва 45 нашриёт фаъолият доранд», — гуфт вазир.             Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки пеши роҳи ворид намудани адабиёти ғайриқонунӣ, таъбу нашри китобҳои пастсифат ва паҳн шудани маводи чопии ғайриқонуниро гирифта, дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута барои нашри адабиёти ахлоқӣ ва дорои мазмуну мундариҷаи баланд шароити мусоид фароҳам орад. Ҳамчунин, иштирокчиёни семинар  дар мавзӯъҳои «Вазъи риояи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар кишвар», «Аҳамияти ISBN. Роҳҳои ташкил ва тарзу усули истифодаи он», «Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф-омилҳо ва проблемаҳои он», «Дар бораи фурӯши китоб ва бартарафсозии проблемаҳои он»  нуқтаи назари хешро баён намуданд.    

Сентябрь 16, 2010 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд