ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ҲАМКОРИРО БО ХИТОЙ ВУСЪАТ МЕДИҲАД

Сентябрь 7, 2010 11:13

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 6 сентябри соли равон вазири кишоварзии ҶТ Қосимҷон Қосимов муовини вазири Департаменти кишоварзии минтақаи мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ли Хунюнро қабул намуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохурӣ вазир қайд намуд, ки ин сафари ҳайат дар асоси шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Хитой, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳини сафари кории Президенти Тоҷикистон ба минтақаи Синзяну Уйғур ба тасвиб расида буд, анҷом дода мешавад. Инчунин бо мақсади дар оянда васеъ намудани ҳамкориҳо, Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Хитой Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ли Хунюн иброз намуд, ки ҷониби Хитой дар соҳаи технологияи нави кишти пахта дар зери плёнка, обдиҳии қатрагӣ хеле пешрафта буда метавонад,  ҳамкориҳоро дар ин самт густариш диҳад. Инчунин, ҳамкориҳоро дар бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, байторӣ, сохтани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот ва ворид намудани техникаҳои гуногуни кишоварзӣ, ки пеш аз ҳама ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад, ба роҳ мондан мумкин аст, — гуфт Ли Хунюн. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва сатҳи баланди корӣ анҷом ёфт. 

Сентябрь 7, 2010 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад