ВАЗОРАТИ МУДОФИА АМАЛИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ НАМУД

Сентябрь 20, 2010 09:11

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рӯзи 19 сентябри соли 2010 соатҳои тақрибан 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт як автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистон бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ 23 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Қобили зикр аст, ки ба ин амали террористӣ гурӯҳи Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» ва Аловиддин Давлатов, ки бо тахаллуси «Алӣ Бедак» маъруфанд, даст доранд. Тибқи маълумоти дақиқ ҳайати ин дастаҳои террористӣ аз шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи ҷумҳурии исломии Покистону Афғонистон ва Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия иборат буда, бидуни шубҳа ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ тира намудани фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯйи исломии минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зимни ба вуқӯъ пайвастани ин амали терорристӣ, гурӯҳҳои фаврии ҳама мақомоти қудратии кишвар ба ҷои ҳодиса расида, амалиёти дастгиркуниро оғоз намуданд, ки то ҳол ҷустуҷӯи афроди ҷиноятпеша идома дорад. Ҳамзамон, хизматчиёни ҳарбие, ки ҷароҳати ҷисмонии вазнин бардоштаанд фавран ба беморхонаҳои наздиктарини мавзеи воқеа расонида шуданд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амали терорристиро маҳкум намуда, баҳри дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, ки ба ин кирдори номардонаву нанговар даст задаанд, тамоми чораҳои фпвриву мушаххасро амалӣ менамояд.  

Сентябрь 20, 2010 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд