ВОХӮРИИ ИСТЕЪДОДХОИ ҶАВОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Сентябрь 28, 2010 16:47

Душанбе, 28 сентябр, (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ).-26 сентябри соли ҷори мухбири мо бо Раиси Иттифоқи нависандагони ҶТ Меҳмон Бахтӣ вохӯрд. Зимни сӯҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар арафаи иди «Рӯзи забон» (5 октябр), 28-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи истеъдодҳои ҷавон дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Мақсади асосии конференсия дарёфти ҷавонони боистеъдод бо мақсади дар оянда ба Иттифоқи нависандагон қабул кардани онҳо мебошад. Барои гузаронидани конференсия, 27 сентябр ба шаҳри Хуҷанд гурӯҳи шоирон ва нависандагон бо роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, сафар хоҳанд кард. Дар кори конференсия роҳбарони вилоят ва шоиру навмсандагони машҳури минтақа, аз ҷумла сардори шӯъбаи Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд Ахмадҷон Раҳматзод, шоирон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Фарзона ва дигарҳо иштирок хоҳанд намуд. Ба нависандагон ва шоирони вилоят Меҳмон Бахтӣ аз номи Вазорати фарҳанг медали «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» супорида ба адибони ҷавон медали «Сухан», ки мукофоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад, тақдим карда хоҳад шуд.    

Сентябрь 28, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад