ЗАБОН РУКНИ БУНЁДИИ ДАВЛАТ

Сентябрь 30, 2010 17:06

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Муассисаи  давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забон бо узви Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ  Сайидаҳмади Зардон ва узви Конфедератсияи иттиҳоди рӯзноманигорон Холиқ Расулов вохурӣ баргузор гардид. Дар мулоқот бо олимону коршиносони пажӯҳишгоҳ зикр гардид, ки дар замони истиқлолият забони модарӣ, ки рукни бунёдии давлату миллат, илму фарҳанги мо ба ҳисоб меравад, бояд аз ҳар ҷиҳат рушду нумӯъ ёбад. Олимон изҳор доштанд, ки имрӯз дар замони пуртаззод ва рушдёбандаи ҷаҳонишавӣ ин раванд ба хатари воқеӣ табдил меёбад. Барои пешгирии чунин равандҳои номатлуб омода будан шарт ва зарур аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ифтихори давлатдорӣ аст. Дар айни замон таъкид гардид, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияи нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносон ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил мебошад. Бо ин мақсад ба омода намудани олимону мутахассисони ҷавони забондон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардан аз манфиат холӣ нест. Дар фарҷоми мулоқот дигар олимону коршиносон перомуни рушду таҳкими забони модарӣ андешаронӣ намуда, пораҳои шеърӣ қироат намуданд.  

Сентябрь 30, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад