«ЗИЁРАТШОҲ» БА КОРКАРДИ ПАХТА ШУРӮЪ КАРД
Фархор, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). -Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди кооператсияи «Зиёратшоҳ»- и ноҳияи Фархор ба қабули пахтаи соли 2010 шурӯъ кард ва то ин дам ба корхона 1480 тонна пахта ворид шудааст. Рустам Одинаев ҷонишини директори корхонаи мазкур вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки корхона бо 220 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи тарафайн дошта, мувофиқи шартнома амал менамояд. Аз аввали моҳи август инҷониб корхона пас аз воридшавии ашёи хом дар ду баст фаъолият карда, зиёда аз 250 тонна ашёи хом коркард намуда, 84 % нахи соф истеҳсол кардааст. Мавриди зикр аст, ки ашёи хом аз хочагиҳо бо пули нақд харида мешавад. Имрӯз хариди 1 тонна ашёи хом 550 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва кашонидани пахта аз саҳро бо техникаҳо ба ӯҳдаи худи ширкат вогузор шудааст. Дар корхона сехҳои матоъбофӣ, ресандагӣ, равғанбарорӣ ва сехи истеҳсоли пахта барои рахти хоб фаъол буда, корхона бо лаборатория ва дастгоҳи сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мебошад. Айни ҳол дар корхона 450 нафар фаъолият дошта, музди миёнаи маоши онҳо беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






