ЗУҲУРОВ: «НАБОЯД ЯГОН МАКТУБИ ШАҲРВАНДОН БЕҶАВОБ МОНАД»
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Набояд ягон мактуби шаҳрвандон беҷавоб монад», — гуфт 6 сентябр зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров. Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ин матлабро зимни муҳокимаи масъала «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» иброз дошта, диққати аъзои Шӯроро ба ин масъала бештар ҷалб намуд. Назар ба иттилои сардори хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






