ҒАМХОРИИ ШАҲРДОРӢ БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Октябрь 12, 2010 11:42

      Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси нақшаи шаҳрдорӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт то охири соли равон майдончаҳои  варзишию фароғатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ барои  кӯдакону наврасон  сохта ба истифода дода мешаванд.       Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.         Майдончаҳои  варзишию фароғатӣ дар маҳаллаи 46, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои Шарқӣ, 102,  кӯчаҳои  Деҳотӣ, Айнӣ, Н. Қарабоев, Афзалӣ, Гагарин ва хиёбони Рӯдакӣ бунёд мегарданд.        Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси  шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, пудратчиёни сохтмони майдончаҳои варзишию фароғатӣ Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Меҳансоз», «ТиСМ», «Бедакиён», «Озарахш», «Ойзулӣ»,  «Ҳоҷӣ-Яъқуб», «Нивелир» ва «Иншоотсервис» мебошанд.  

Октябрь 12, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад