ҚАРОРИ БЕНАЗОРАТ

Октябрь 7, 2010 13:27

     Душанбе,  7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо онҳое, ки аз хизмати микроавтобусҳои шаҳрӣ истифода мекунанд ё аз қарори раиси шаҳр бехабаранд ё худ ҳимматбаланданд, ки бақияи маблағашонро барои мусофиркашонӣ талаб намекунанд. Ҳамагон ҳаққи кирои мусофиркашониро дар микроавтобусҳои «Чанху», «Хафей», «Хундай» 1 сомонӣ ва дар мошинҳои тамғаи «ГАЗЕЛ» 70 дирам пардохт мекунанд. Ин нарх   рӯзҳои якшанбе дар роҳи «Корвон» — «Султони Кабир» боз як карат аз тарафи ронандаҳо  қиммат карда мешавад , вале касе намепурсад, ки чаро чунин аст? Агар пурсанд ҳам ҷавоби носазоеро аз ронанда хоҳанд шунид. Бинобар ин  «Даҳони пӯшида ҳазор тилло»,- гуфта  мусофирон хомӯширо авлотар медонанд.             Оё пардохти роҳкиро чунин қабул шудаст? Не, чунин нест,- мегӯянд онҳое, ки аз қарор огаҳанд.          Тибқи қарори шаҳрдории шаҳри Душанбе аз 27 –уми майи соли 2008 рақами 255 нарх дар нақлиёти мусофиркашонӣ, ки бо истифода аз бензин ҳаракат мекунанд, барои ҳар як мусофир 90 дирам ва барои нақлиёти бо гази моеъ ҳаракаткунанда 70 дирам муайян шуда то имрӯз тағйир наёфтааст,- иброз дошт ҷонишини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар».             Пас, агар чунин аст назорати амалӣ шудани қарори шаҳрдориро кӣ ба дӯш дорад, то ҳам нарх ба низом дарояд ва ҳам ронанда маданияти хизмат карданро ёд гирад!     

Октябрь 7, 2010 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад