ҲАҶ НАРАФТА ПУЛ СОХТАНД

Октябрь 4, 2010 14:50

Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).—Дар шаҳри Норак  афроде кору зиндагӣ менамоянд, ки маблағҳои хешро барои корҳои хайр ва ободии шаҳр сарф менамоянд.             Соли ҷорӣ деҳаи Кибири Норак дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарари зиёд дид.Барои рафъи хисороти ин деҳа мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони инфиродӣ ташаббуси наҷиб нишон доданд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳр, аз ҷумла Муҳаммадӣ Шамсуллоев, Мирзоалӣ Сангов. Хуросон Абдувоҳидова, Бозори Давлат, Сироҷиддин Маҳмудов, Абдулло Ёров ва чанд нафари  дигар, ки имсол нияти ба ҳаҷ рафтан доштанд, 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ намуда, 700  метр канали деҳаи Кибирро таъмиру васеъ намуда, пули болои онро азнав сохтанд. Ин амал шаҳодати он аст, ки мардуми  шаҳри Норак баҳри ободу зебо гардонидани хонаи худ, шаҳри худ, хиёбону кӯчаҳои он пайваста меҳнат намуда, вазъи зиндагии хешро батадриҷ беҳтар мегардонанд.      

Октябрь 4, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!