ҲАМКОРИҲО ДАР СЕ САМТ

Октябрь 6, 2010 08:49

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дирӯз дар маркази таълими калонсолон вохӯрии директори маркази мазкур  Алишер Фаромӯзов бо намояндагони  Созмони Байналмилалии меҳнат, мушовири калон оид ба сиёсати глобалию иҷтимоӣ Тимо Вайпио ва роҳбари Барномаи бартарафсозии ҳолати бӯҳронӣ ва бехатарии меҳнати шоиста Тария Паркинен баргузор гардид.    Зимни вохӯрӣ намояндагони Созмони Байналмилалии Меҳнат-(СБМ) иброз доштанд, ки ҳамкории худро бо маркази таълими калонсолони ҶТ дар се самт: дастгирии иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнат ба роҳ мемонанд.    Дар ин вохӯрӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки  вобаста ба талаботи бозори меҳнат касбҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки дар шароити имрӯза ба он эҳтиёҷ зиёд аст.     Ба гуфти ҳамоҳангсози СБМ Собир Аминов,  ҳадафи асосии ин вохӯрӣ тағйир додани методологияи омӯзиш дар Маркази   таълими калонсолон аст.

Октябрь 6, 2010 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад