ҲАШИШ ДАР АНБОРХОНА
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ШКД ноҳияи Ғончӣ шаҳрванд Мараҷабов Маъруф Акрамович, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи ҷамоати Далёни Боло, бекор дастгир шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз анборхонаи ҳавлии истиқоматиаш 4 адад халтаи селофанӣ бо 112 кг. 660 гр. маводи нашъадори ҳашиш, дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин, дар дидбонгоҳи БДА «Деҳмой» автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами давлатиаш ВВ 89-71 РТ 02 таҳти идораи Сабуров Фахриддин Турақулович, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод, ҷамоати Меҳнатобод, кӯчаи Пахтакор, хонаи 9/5, бекор, боздошт шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз бордони автомашинаи ӯ 55 кг. 450 гр. маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд, ки ин бор ба мусофирони автомашина Зиёев Ҳакимҷон Аҳёевич, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 1 к. Шарқ х. 20, бекор ва Хӯҷаев Умед Нормаҳмадович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи н. Зафаробод, ҷамоати Меҳнатобод, к. Рўдакӣ х. 19/2, бекор, тааллуқ дорад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев сардори маркази матбуоти ВКД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






