ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангию таърихӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, китоб-дастурамали «Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ», «Харитаи ёдгориҳои меъморӣ ва бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», албоми «Мероси фарҳангии Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди туризми Тоҷикистон албоми «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» интишор гардид. Комиссияи экспертизаи бадеӣ 354 ташхис гузаронид, ки аз ин миқдор 11-тоаш ба маводи фаҳш ва 12-то ба қочоқи сарватҳои фарҳангӣ мансуб мебошанд. Дар натиҷа, 100 диски видеоӣ, 3 протсессори компютер, 2 ноутбук ва 94 ашёи фарҳангӣ мусодира гардиданд. Ҳамчунин, комиссия аз рассомони ҷумҳурӣ ба маблағи 32600 сомонӣ асарҳо харид. Корҳои лоиҳакашӣ ва тармиму барқарорнамоӣ дар ёдгориҳои мақбараи Нақибхон Туғрал анҷом ёфта, Қалъаи Мӯъминобод, мақбараҳои Хоҷаи Заррин, Имом Зайналобиддин, Абдулқодири Ҷелонӣ ва Ҳулбук, масҷиди Далёни боло аз ҷониби Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат, тармим ва истифодаи ёдгориҳо идома доранд. Дар натиҷа 781224 сомонӣ аз худ карда шуд, ки 110% иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритӯс бо кӯмаки молиявии Сафоратхонаи ИМА ба маблағи қариб 120000 доллари амрикоӣ тармим гардид. Аз дигар маблағгузориҳо барои Ҳулбук 584179 сомонӣ ҷудо шуд. Яъне, ҷамъ аз ҷониби муассисаи мазкур 1028937 сомонӣ корҳо иҷро гардид. Дар ин бора Вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон






