ҲОШИМИЁН: «МО БА ҶАЛБИ БЕШТАРИ САРМОЯ БА ҶТ ОМОДАЕМ

Октябрь 21, 2010 11:35

        Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари ҳайати парлумонии Эрон Ҳусейн Ҳошимиён баррасӣ шуд.          М. Убайдуллоев ташрифи ҳайати  парлумонии Эронро ба Тоҷикистон барои татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарони ҳар ду кишвар қадами муассир арзёбӣ карда гуфт, ки он дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард.            «Ду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз потенсиали мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барномаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ намоянд», афзуд М. Убайдуллоев.           Ҳошимиён гуфт, ки Эрон барои ҷалби  бештари сармоягузорони эронӣ ба Тоҷикистон омодааст дар татбиқи лоиҳаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар бахши гидроэнергетика,  истихроҷи маъдан, газу нафт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди технологияи муосир, туризм ва коммуникатсия саҳмгузор бошад.             Мусоҳибон,  ҳамзамон масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Ҳусейн Ҳошимиён зимни сафари чаҳоррӯзаи худ ба Душанбе ва мулоқоташ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон нимаи аввали 21 октябр  ба ватанаш баргашт.

Октябрь 21, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад