ҲОСИЛИ ДИЛХОҲИ КИШОВАРЗОН

Октябрь 26, 2010 10:30

Ваҳдат, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).-Тавре сардори раёсати кишоварзии шаҳри  Ваҳдат Ҷамолиддин Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли ҷорӣ барои  зироаткорону боғу токпарварони  Ваҳдат соли номусоид омад.Агар деҳқонон солҳои қаблӣ аз сардию гармӣ ва хушксолӣ зарар медиданд, пас имсол онҳоро боронҳои пай дар пай ва боридани жолаҳои сахт ноумед сохт. Офатҳои   баҳори соли ҷорӣ  ба 533 гектар майдони гандум, 7 гектар пиёзи бехӣ, 51 гектар нахӯд, 55 гектар зағер, 38 гектар ҷав, 257 гектар боғ ва 333 гектар токзор зарари ҷиддӣ расонид, ки маблағи зарар 3 миллиону 683 ҳазор сомониро ташкил дод. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  дар аксари заминҳои зарардида кишти дубора ва себора гузаронида, баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ  ба қитъаҳои зарардида  ба таври илова   озуқа доданд. Ин буд, ки  меҳнати кишоварзон натиҷаи хуб дод ва онҳо имсол низ ҳосили дилхоҳ рӯёниданд.

Октябрь 26, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад