ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БАДАХШОН

Октябрь 18, 2010 14:48

Бадахшон, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар ин рӯзҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ВМКБ ҷамъоварии  тамоми намудҳои зироати ғалладонагӣ  ва маҳсулоти полезӣ босуръат ҷараён дорад.Агар дар навоҳии поёноби рӯдхонаи Панҷ мавсими ҷамъоварии ҳосил анҷом ёфта бошад, дар ноҳияҳои болоӣ ин маърака идома дорад. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят имсол  дар майдони 1143 гектар зироати тирамоҳӣ кошта шуд, ки аз ин ҳисоб 1002 гектари  он ғалладона мебошад. Бояд гуфт, ки деҳқонон имсол ҳосили хуби зироати ғалладона рӯёниданд. Ҳосили ҳар гектар ғаллазор ба  17,9 сентнерӣ расид.. Картошкапарварони вилоят низ имсол  аз ҳар гектар 199 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Дар пешбурди корҳои саҳроӣ техникаи кишоварзӣ босамар истифода  мешавад,-мегӯяд сардори идораи кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев. Дар навоҳии вилоят ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқон идома дошта, деҳқонон аз ҳар соату лаҳзаи мусоид самаранок истифода мебаранд.  

Октябрь 18, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад