18 МЛН. ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ СУҒД

Октябрь 8, 2010 10:29

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 октябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири Британияи Кабир Тревор Мур, роҳбари дафтари Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон  Боб Леверингтон ва сардори Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Растислав Врбенский баргузор гардид. Раиси вилоят меҳмононро бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои барномаҳои мухталиф, нақшаву ниятҳои нек, ки ҳадафашон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошанд, ошно намуд. Меҳмонон аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят дар 18 шаҳру навоҳии вилоят, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва шаҳрвандон мусоидат мекунад, изҳори ризоият ва ин ташаббусро неку саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Сафири Британияи Кабир Тревор Мур иттилоъ дод, ки бо дастгирии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Барномаи Рушди СММ ва Агентӣ оид ба ҳамкории техникии Олмон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Барномаи таҳкими рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ хоҳад гашт. Ин Барнома барои солҳои 2010-2013 дар назар дошта шуда, баҳри тадбиқи он 18 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Ҳадафи асосии барнома беҳтар намудани шароити иқтисодии соҳаи кишоварзии вилояти Суғд буда, 14 ноҳия ва 64 ҷамоати деҳоти вилоятро фарогир хоҳад буд. Раиси вилоят ҳангоми мулоқот таъкид дошт, ки амалӣ гардидани ин барнома ба рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди бештари ашёи хоми маҳаллӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 8, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад