219 ЯРМАРКАИ ҶОЙИ ХОЛӢ ДАР ХАТЛОН

Октябрь 20, 2010 13:40

Душанбе 20 октябр (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Аз аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 219 ярмаркаи ҷойҳои холӣ гузаронида шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки зимни баргузории ярмарка 2239 муассиса ва ташкилотҳо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи кориро аз рӯи ихтисосҳои гуногун пешниҳод намуданд. Ин ярмаркаҳо натиҷа дод, ки 1822 нафар ба кор роҳхат гирифта, аз онҳо 1437 нафараш бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, як қисми хоҳишмандон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Октябрь 20, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад