43 ГЕНЕРАТОРИ БАРҚИИ ФАЙЗОБОД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Файзобод ба давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ тайёрии хуб дидаанд. Захираи ангишту ҳезум ва маводи сӯзишворӣ дар ноҳия фаровон аст.То ин дам 1000 тонна ангишт ва 375 метри кубӣ ҳезум захира шудааст. Дар ин рӯзҳо дар мактабҳои ноҳия шишабандии тирезаҳо ва дигар корҳои омодагӣ босуръат ҷараён дорад. Муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия бо 43 генератори барқдиҳанда таъмин гаштаанд. Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки хонандагон дар давраи зимистони соли ҷорӣ аз сармову бебарқӣ азият накашанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






