7109 ХОНАНДАИ НАВИ КИТОБХОНАИ ФИРДАВСӢ

Октябрь 22, 2010 10:06

Душанбе 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тайи нӯҳ моҳи соли 2010 ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 4704 нусха адабиёти тозанашр, аз ҷумла 1926 нусха ба забони тоҷикӣ ворид гардида, 22920 нафар хонанда ба китобхона ташриф овардаанд, ки 7109 нафарашро хонандаи нав ташкил медиҳад.     Дар китобхонаи мазкур дар ин давра конфронсу нишастҳои илмӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар тарбияи ватандӯстӣ-истиқлолиятшиносӣ», «Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ», «Корнамоии ҷовидонаи халқи тоҷик», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», «Корупсия; проблема ва роҳҳои ҳалли он», «Рушди иттилооти илмӣ» ва Интернет-конфронси «Самтҳои гуногуни бунёд ва низоми электронӣ-китобдорӣ» баргузор гардиданд.     Бо мақсади таҳкими базаи модӣ-техникии китобхонаҳои мамлакат аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ба шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 20500 сомонӣ, вилояти Хатлон 37775 сомонӣ, ВМКБ 22275 сомонӣ, дар мачмӯъ 80550 сомонӣ интиқол дода шуд.    Дар ин бора Вазири фарҳанги ҶТ- Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни нишаст ба хабарнигорон ВАО хабар дод.  

Октябрь 22, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад