АФЗОИШИ ХАТСАЙРҲО ДАР ҲАРИМИ ҲАВОӢ

Октябрь 21, 2010 16:12

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаи воҳиди давлатии ширкати ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» масъалаи кушодани хатсайрҳо ба кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон, аз ҷумла ба самти Душанбе-Деҳлӣ ва Душанбе -Қарочиро баррасӣ намуд. Алимурод Маҳмадалиев-директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО хабар дод. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки чанде пеш ҷиҳати иҷрои парвозҳои мунтазам ба Арабистони Саудӣ байни мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва Созишнома оид ба равобити ҳавоӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси санадҳои мазкур ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои парвоз ба шаҳрҳои Ҷидда, Ар-риёд ва Даммам иҷозат гирифт. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтааст, ки  хатсайрҳои навро ба кишварҳои Белорус, Ҳиндустон, Покистон ва  моҳи ноябр парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Иркутск-Душанбе ба роҳ монад.  

Октябрь 21, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад