«АМОНАТБОНК» ФАЪОЛИЯТАШРО БА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МУТОБИҚ МЕКУНАД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 октябри соли 2010 дар баробари маҷлиси ботантана, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба таҷлили ин санаи муборак, бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИҶТ Сайфиддин Назаров ва шоир, рӯзноманигор Абдуқодири Раҳим ҷамъомад баргузор гардид. Муовини раиси Раёсати бонк Сироҷиддин Икромов афзуд, ки дар сохторҳои «Амонатбонк» имрӯз ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории ҷаласаву маҳфил ва дигар воситаҳое, ки дар он забон ширкат мекунад, пурра ба забони давлатӣ сурат мегиранд ва роҳбарияти бонк ба сатҳи забондонӣ, бахусус, донистани забони давлатии кадрҳо диққати ҷиддӣ дода, баҳри баланд бардоштани савияи дониши онҳо корҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Дар маҳфил баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили ҳалталаби иҷрои талаботи он, саволу ҷавоб доир ба таърих, грамматика ва санъатҳои сухан сурат гирифт. Меҳмонон дар бораи дастовардҳои олимони тоҷик дар солҳои охир дар соҳаи забоншиносӣ, муаррифии китобу мақолаҳои илмӣ, қомусу луғатҳои нав, барномаҳои электронии забоншиносӣ, тозагии забони тоҷикӣ ва роҳҳои нигоҳдорӣ аз олудагиҳои номатлуби забон ва як зумра масъалаҳои дигар сўҳбати пурмўҳтаво доир намуданд. Мавриди ёдоварист, ки аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ бисту як сол сипарӣ гашт. То ҳамин сол Рӯзи забон санаи 22 июл таҷлил мегардид. 5 октябри соли 2009 Қонуни нави забон қабул шуд ва аз ин пас таҷлили Рӯзи забон ба ин сана иваз карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






