АНДЕШАИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Октябрь 4, 2010 11:49

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳодисаҳои табиий дар соли 2010 рухдода, исбот намуданд, ки сабабгори қариб ҳамаи фоҷеаҳо худи одамонанд. Ба гуфти коршиносон, сабабгори асосии фалокат дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва атрофи он лоиҳасозоне  мебошанд, ки бе дарназар дошти  дигар офатҳои табиӣ  барои сохтмони шаҳракҳо дар марказҳои шаҳру ноҳия, атрофи он  ва шаҳракҳои нави аҳолинишин дар  ҷамоатҳои деҳот иҷозати  нақшаи сохтмони манзилҳои истиқоматиро медиҳанд.    — Имрӯз қариб ҳамаи шаҳракҳои аҳолинишини деҳот дар селроҳаҳо сохта шудаанд ва сохтмони ин гунна шаҳракҳо давом доранд,- мегӯяд муҳандиси сохтмон  Искандар Икромов.    Боис ба ёдоварист, ки солҳои 60 –уми асри ХХ дар натиҷаи боронҳои сел оби ду дара – Бакарон ва Юмси ноҳияи Ваҳдат   дар маҷрои худ сели калонеро ташкил дода, 50 – 60 хоҷагӣ зери сел монд.  Чунин хавф дар роҳи дарёчаҳои Чорбоғ, Мағов ва дарёчаи Ромити шаҳраки Ромити ноҳияи Ваҳдат имрӯз ҳам боқист. Дар ин мавзеъҳои пурхавф беш аз 5ҳазор аҳолӣ ва даҳҳо иншооти ёрирасони хоҷагӣ сохта шудаанд. Дар сурати рух додани ҳодисаҳои табиӣ ва дидани зарари ҷонӣ касе ҷавобгариро ба зимма нахоҳад дошт, ҳарчанд ки аз пайи он ҷавобгарӣ  ҳаст.

Октябрь 4, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард