АЗ 46 МАМЛАКАТ ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА ОМАД

Октябрь 22, 2010 10:00

          Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 46 мамлакати хориҷаи дуру наздик ба маблағи 67 млн. 389 ҳазор доллари амрикоӣ ё ба миқдори 23 ҳазору 553 тонна ёрии башардӯстона ворид гардидааст. Аз   ҷумла: равғани растанӣ 2891 тонна  (ба маблағи 6 млн. 176 ҳазор доллар), 14 ҳазору 702 тонна орд (ба маблағи 7 млн. 351 ҳазор доллар), ҳамчунин, ба маблағи 571 ҳазор доллар 93 тонна гандум, доруворӣ ба маблағи 38 млн. 805 ҳазор доллар,  ба маблағи 3 млн. 153 ҳазор доллар либос ва пойафзол, инчунин, маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбоби маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ворид гардидааст.             Аз давлатҳои кӯмакрасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА -53,4 фоиз, Дания -7,7, Олмон – 5,6, Ҷумҳурии Корея -3,4, Нидерландия – 2,2 ва аз мамлакатҳои ИДМ Ҷумҳурии Қазоқистон – 10,8, Русия — 4,6 ва Украина 0,6 фоиз рост меояд.  

Октябрь 22, 2010 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд