АЗ БЕАҲАМИЯТИИ СОҲИБКОРОН БОЗОР ОТАШ ГИРИФТ

Октябрь 22, 2010 16:57

              Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Тибқи лоиҳаи шаҳрсозӣ ва бунёди марказҳои савдо дар шаҳри Кӯлоб дар ҳоли ҳозир се бозор ва беш аз даҳ маркази савдо то андозаи муайян талаботи ҳамарӯзаи шаҳрвандонро бо молу маҳсулоти ниёзи онҳо қонеъ мегардонанд. Зимни як санҷиши комиссияи вакилони мақомоти маҳалии шаҳри Кӯлоб маълум гардид, ки аксари ин марказҳои савдо бидуни талаботи санитарию гигиенӣ ва бехатарии сӯхтор сохта шуда, ҳатто аксари онҳо лоиҳаҳои мушаххаси меъморӣ надоранд.             Фаррух Ҳалимов сардори хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд "Фақат баъди ислоҳи камбудиҳои муайянгардида ба марказҳои савдо иҷозаи фаъолият кардан дода мешавад".           Бояд гуфт, ки соли гузашта дар натиҷаи беаҳамиятии соҳибкорон яке аз марказҳои савдои бозори Саховат оташ гирифта, молу маҳсулоти он пурра нобуд гардида буд ва маҳз бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани сӯхтор ин навбати зимни санҷиши комиссияи вакилони халқ дар гирду атрофи бозори "Саховат" фаъолияти чор маркази савдо то бартарафсозии камбудиҳои ошкоргардида манъ карда шуд.          Дар доираи тадбирандешиҳо ҷиҳати бехатарии сӯхтор бошад, масъулони хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи бозорҳои шаҳр пайваста машқҳои бехатарии сӯхторро доир менамоянд, ки тавассути онҳо кормандони бозору марказҳои савдо бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сар задани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда шиносоӣ пайдо менамоянд.

Октябрь 22, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад